Ахбор

Истиқбол гиред! Интернети баландсуръати хонагии TezNet аз Tcell акнун дар Турсунзода!

Бо шарофати истифодаи технологияи пешрафтаи GPON, бо сифати баланди кафолат, сокинони шаҳри Турсунзода имкон доранд филмҳоро ба гунаи онлайн ва бо сифати HD бубинанд, дарсҳои озмоишӣ бигиранд ва бозӣ кунанд: Интернет барои ҳама кофӣ аст. 

Аллакай имрӯз шабакаи интернети баландсуръати хонагии TezNet барои сокинони беш аз 4000 утоқи истиқоматӣ дар маҳаллаҳои 1 ва 2-и шаҳри Турсунзода дастрас аст. Рӯзҳои наздик ширкат ба нақша гирифтааст, ки шабакаи TezNet-ро дар дигар минтақаҳои шаҳр тавсеа диҳад.

Барои пайвастшавӣ тавассути сомонаи teznet.tj/tj/zona-pokrytiya-teznet/ ё ин ки бо рақамҳои дархост гузошта метавонед: 2000 (барои муштариёни Тсеll) ва 771112000 (барои муштариёни дигар операторҳо).

12.png
29.04.2024

Возврат к списку