Дар бораи ширкат

TezNet аз оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell – ин Интернети баландсуръат тавассути хати алоқаи нурӣ дар хонаи шумо!

Project Image

Дар шароити муосир, вақте ки барои ҳар яки мо арзишҳои эътимоднокӣ, устуворӣ ва имконияти ҳамеша дар алоқа будан ҷойгоҳи вижаро касб менамоянд, Интернети баландсуръат дар хона яке аз паҳлӯҳои асосии ҳаёти одамон маҳсуб мегардад.

Интернети хонагӣ – ин воситаи муошират, манбаи вақтхушӣ, кӯмакрасон дар масири омӯзишу кор, гуфтугӯ ва рушди ҳар як узви хонавода мебошад.

TezNet тавассути хати нахи оптикӣ ба ҳар як хона интернети босуръат ва устуворро меорад.Ин тарҳ дар ҳоли ҳозир дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе татбиқ шуда истодааст.