Ахбор

TezNet аз Tcell минтақаи фарогириашро тавсеа мебахшад!

Дар шаҳри Душанбе баъд аз маҳаллаи 82-юм, маҳаллаҳои 91 ва 101-и пойтахт минтақаҳои фарогирии Интернети баландсуръати хонагӣ тавассути технологияи GPON гардиданд. Дар Хуҷанд бошад маҳаллаҳои 13 ва 19 ба ин намуди Интернет пайваст шуданд.

Минтақаҳои фарогирӣ бо суроғаҳои дақиқ дар пайванди зер мавҷуд аст: http://teznet.tj/coverage-area/

GPON (Gigabit Passive Optic Network) –фанноварии дар ҳоли тавсеа буда, хадамоти дастрасӣ ба Интернетро бо сифати баланди кафолатнок тавассути нах (сим)-и ягонаи оптикӣ ироа менамояд. Ин фанноварӣ (технология) кашидани ноқил ба манзил ё хонаи муштарӣ, ба истиснои ҳама гуна таҷҳизоти фаъол дар роҳро дар бар мегирад. Тафовути аслии он аз дигар намуди технологияи пайвасти хадамоти иртиботӣ- суръати баланди интиқоли маълумот аст.

TezNet ба ҳар як хона Интернети баландсуръат ва бонизомро меорад!Шумо низ ба Интернети баландсуръати TezNet пайваст шавед!
11.11.2020

Возврат к списку