Ахбор

TezNet аз Tcell – Интернети баландсуръат дар хонаи Шумо!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар, ширкати Tcell бренди нав– TezNet-ро дар бозори иртибототи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.

TezNet аз Tcell – ин Интернети баландсуръати хонагӣ бо истифода аз технологияи GPON мебошад.Бо пайравӣ аз принсипҳои навоварӣ ва фанноварии ҷадид, Тcell бренди TezNet -ро дар Тоҷикистон муаррифӣ кард. TezNet иртиботро тавассути технологияи GPON, муосиртарин технологияи дастрасии симӣ ба Интернет, ки дар Тоҷикистон фақат Tcell аз он истифода мебарад, таъмин менамояд.

GPON (Gigabit Passive Optic Network) –фанноварии дар ҳоли тавсеа буда, хадамоти дастрасӣ ба Интернетро бо сифати баланди кафолатнок тавассути нах (сим)-и ягонаи оптикӣ ироа менамояд. Ин фанноварӣ (технология) кашидани ноқил ба манзил ё хонаи муштарӣ, ба истиснои ҳама гуна таҷҳизоти фаъол дар роҳро дар бар мегирад. Тафовути аслии он аз дигар намуди технологияи пайвасти хадамоти иртиботӣ- суръати баланди интиқоли маълумот аст.

Дар шароити муосир барои ҳар яки мо эътимоднокӣ, устуворӣ ва имконияти ҳамеша пайваст будан бо Интернети баландсуръат дар хона яке аз ҷанбаҳои асосии ҳаёти маҳсуб меёбад. Интернети хонагӣ воситаи муошират, манбаъи вақтхушӣ, ёрдамчӣ дар раванди таҳсилу омӯзиш, кор, алоқа ва рушд барои ҳар як аъзои оила мебошад.

TezNet ба ҳар як хона Интернети баландсуръат ва бонизомро меорад! Дар ҳоли ҳозир ин тарҳ дар Хуҷанд ва Душанбе амалӣ мешавад. Шабака аллакай дар қисмати ғарбии шаҳри Душанбе- дар  маҳаллаҳои 82 ва 91 ва дар шаҳри Хуҷанд- дар кӯчаи Раҳим Ҷалил, инчунин маҳаллаҳои 18 ва 19. Шумо низ ба Интернети баландсуръати TezNet пайваст шавед!

Возврат к списку