Ахбор

Диққат, маълумоти муҳим барои муштариёни TezNet!

Оё Шумо мехоҳед, ки ба муддати 2 моҳ интернети баландсуръати хонагии TezNet -ро ҳамчун тӯҳфа бигиред? Пас, дар озмуни видеоии TezNet иштирок кунед!

Барои cоҳиби тӯҳфа шудан, кофист як навори кӯтоҳ бардошта, ба мо ирсол намоед.

Дар видео чӣ бояд бошад? Ба мо бигӯед, ки чӣ тавр TezNet ба Шумо барои гузаронидани вақт дар хона кӯмак мекунад, хонаводаатон аз он чӣ гуна истифода мебарад , инчунин дар бораи эҳсосот ва таассуротатон аз TezNet нақл кунед!

Навор бояд ба меъёрҳои зерин ҷавобгӯ бошад:

  • Давомнокӣ – на бештар аз 40 сония;
  • Видео набояд таблиғоти идеологии мазҳабӣ, сиёсӣ ё дигар идеология дошта бошад;
  • Видео набояд амалҳои ғайриқонунӣ, дашном, матолиби характери  18+ дошта бошад.
  • Меъёри асосӣ воқеъият ва ҳақиқат аст! Худи Шумо бояд муаллифи навор бошед ва макони наворгирӣ Тоҷикистон бошад. Ҳар як видеои қалбакӣ (плагиат), ки ба иштирокчӣ тааллуқ надорад, аз ҳаққи иштирок дар озмун маҳрум карда мешавад.

Видеоро ба Telegram ба рақами +992938860008 ирсол намоед интернети баландсуръати хонагии TezNet-ро ҳамчун тӯҳфа барои 2 моҳ бурд кунед!  

Аз рӯи натиҷаҳои озмун комиссия аз ҳисоби кормандони ширкат наворҳои беҳтаринро интихоб карда, ба муаллифон ҳадя тақдим хоҳад кард.

Tcell ҳуқуқ дорад, ки наворҳои ирсолгардидаро дар шабака ва саҳифаҳои расмии Tcell ва YouTube, инчунин дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимои худ ҷойгир кунад. Бо пешниҳоди наворҳои худ ба озмун, Шумо шартҳои озмунро тасдиқ менамоед. 

Мӯҳлати озмун: аз 1 то 30 ноябр (рӯзи охирин)  

Мо аз Шумо наворҳои эҷодӣ ва аслиро интизорем!

TezNet_PR_Video_banner_tj.jpg
22.10.2021

Возврат к списку